Замимаи «МегаФон Life»

Сайёҳат, дилхушӣ, бурдарасонии доруҳо ва маҳсулот, имкониятҳои озоди молиявӣ – ҳамаи ин дар як замима. Life-и нав – сатҳи нави ҳаёти шумо. Ҳозир фаъол намоед!

Боргирии замима
Life
Хизматрасониҳо
Ҳамён
Таърих

Life

MegaFon Life - замимаи муфидест, ки дар он метавонед паёмрасонҳоро пурра истифода баред, зангҳои муқаррарӣ ва видеоӣ, аз ҷумла зангҳоро ба GSM анҷом диҳед. Дар он худхизматрасонӣ, масалан, иваз кардани тарофа, пайваст кардани бастаҳои интернетӣ ва опсияҳои иловагии зарурӣ, назорати хароҷоти худ, дастрас аст. Ҳамён барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати пардохти ҳисобномаҳо, харид дар мағозаҳо ва гирифтани бонусҳои 'Раҳмат' кӯмак мекунад ва бонусҳоро ба трафики Интернет, СМС ва зангҳои ройгон иваз кардан мумкин аст.

Хизматрасониҳо

Доруҳо, чиптаҳо барои кинотеатрҳо, чиптаҳои ҳавопайморо бихаред, суғуртаро ба расмият дароред, маҳсулотро фармоиш диҳед ва барои харидҳои лозимӣ қарз гиред – ҳамаи ин дар доираи замима дастрас аст. Зуд, қулай ва бо кэшбэк. Хизматрасонии «Life» - дорухона, афиша, чиптаҳои ҳавопаймо, бурдарасонии молу маҳсулот аз Пайкар, суғуртакунии автомобил ва қарзро аз Орзу дар бар мегирад. МегаФон Life-ро истифода бурда, барои ҳар як харид кэшбэк ба даст оред.

Ҳамён

Бо ёрии он метавонед зуд ва осон маблағи хизматрасониҳои операторони мобилӣ, хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намоед, интиқоли маблағ ва амалҳои дигарро, аз хона набаромада ва бидуни навбатпоиҳо, анҷом диҳед. Технологияи QR бошад барои харид дар мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, кинотеатрҳо ва тарабхонаҳо кӯмак мерасонад.

Таърих

Қисми таърих барои назорати тамоми амалиёти молиявӣ бо диаграмма ва ҷудокунӣ аз рӯи категорияи хароҷот имкон медиҳад. Инчунин, дар он ташкили пардохти автоматӣ имконпазир аст.

Кадом навгониҳо дар ин версия ҷорӣ шудаанд

  • Интиқоли маблағҳо тавассути рақами телефон

    Тарзи нави интиқоли воситаҳои пулӣ ба наздикону пайвандон: фавран ва осон

  • Хизматрасонии «Суғурта»

    Муҳофизати пурра, раванди осони суғуртакунӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ

  • Навкунии бетаъхир

    Аз замима набаромада, онро нав кунед, зеро акнун ин бевосита дар замима дастрас аст.

  • Махфияти фаврӣ

    Пинҳонкунии маблағи тавозун бо ишора — имконияти озоди шумо бо як ҳаракат!

Боргирии замима

Имкониятҳои асосии замимаи мобилии «МегаФон Life»

Ҳамён

Ҳуҷраи шахсӣ

Кӯмак ҳангоми истифодаи замимаи «МегаФон Life»

Оё ҳангоми истифодаи замима трафик сарф мешавад?

Кӣ метавонад замимаи «МегаФон Life»-ро истифода барад?

Чӣ тавр замимаро ба кор даровардан мумкин аст?

Чӣ тавр худро дар замимаи «МегаФон Life» ба қайд гирифта метавонем?

«Ҳуҷраи шахсӣ» чист?

«Ҳамён» чист?

Барномаи бонусии "Раҳмат" чӣ гуна афзалиятҳо дорад?

Чӣ тавр боз як аккаунтро илова кардан мумкин аст?

Чӣ тавр тафсилот (детализация) гирифта мешавад?

Агар зангҳоро дар МегаФон Life истифода бурда нашавад, чӣ кор кунем?

Чӣ тавр интиқоли зангҳоро аз GSM ба замима фаъол кардан мумкин аст?

Чӣ тавр интиқоли зангҳоро аз GSM ба замима қатъ кардан мумкин аст?

Ороиши интерфейсро чи хел дигар кардан мумкин?

Чӣ тавр забони интерфейс иваз карда мешавад?

Нархгузории замимаи «МегаФон Life»

Дар куҷо таърихи зангҳоро дидан мумкин аст?

Дар куҷо рӯйхати пурраи тамосҳоро дида метавонем?

Рақами тамосро чӣ тавр ёфтан мумкин аст?

Чи хел аз замимаи Life баромадан мумкин?

Шартҳои мушаххаскунӣ дар ҳамёни «МегаФон Life»?